10:02 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1394 0 0

Давоми се рӯзи оянда ҳавои Тоҷикистон пур аз чангу ғубор шуда, дар водиҳо боришоти шадиди борон пешгӯӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik.  Аз 10 то нимаи 12 ноябр дар Тоҷикистон ҳаво пур аз чангу ғубор мешавад, хабар медиҳад Ожонси обуҳавошиносии кишвар.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷумҳурӣ  баланд шудани  ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), Рм-10 (заррачаҳои андозаашон 10мкр) ва Рм-2,5 (заррачаҳои андозаашон 2,5 мкр) боқӣ мемонад.

Манбаъ ҳамчунин аз боронгариҳои шадид дар водиҳо ва резиши барф дар баландкӯҳҳо хабар медиҳад.

Аз ин рӯ ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кўчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд.  Зеро ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба кўдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки  бемориҳои диққи нафас ва қалб доранд, таъсири манфӣ мерасонад.

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода иттилоъ медиҳад, ки дар ин  рӯзҳо дар роҳҳои Душанбе- Айнӣ, Душанбе - Сангвор, Ваҳдат - Рашт - Лахш - Карамиқ, Ш. Шоҳин - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ - Ишкошим эҳтимоли яхбандӣ вуҷуд дорад.

КҲФ ба ронандагон тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар мошинҳои худро омода созанд,  чархҳои тобистонаро ба  зимистона иваз кунанд. Ба мошинҳои боркаш тавсия дода мешавад, ки  занҷирҳои зидди лағжиш бо худ дошта бошанд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ суръат ва фосилаи муқарраршудаи ҳаракат миёни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.

Барчаспҳо:
яхбандӣ, борон, чангу ғубор, Ожонси ҳавошиносӣ, КҲФ

Мавзӯъҳои асосӣ