Пешбинии дақиқи обуҳавошиносон: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевТЭЦ города Душанбе
ТЭЦ города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад, иттилоъ медиҳанд обуҳавошиносон дар Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, танҳо дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.

Снегопад в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори ҳавосанҷони тоҷик дар бораи сардиҳои 15- дараҷаӣ

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм  мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 1 дараҷа  хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

КҲФ ва Ожонси ҳавошиносӣ аз боронгариву яхбандии роҳҳо ва ифлосшавии ҳаво ҳушдор медиҳанд

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйиёбанда шуда, танҳо бегоҳӣ дар баъзе ноҳияҳо борони суст борида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. 

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 13+18 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 5+7 ва  рӯзона 19+21 дараҷа  гарм мешавад.

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0