13:53 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1472 0 0

Ширкати ҳавопаймоии русии ЮТэйр, ки ахиран барои анҷоми парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистон муҷаввиз дарёфт карда буд, аз пур шудани курсиҳо дар нахустин парвоз ба Душанбе хабар дод

ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Раиси ширкати ҳавопаймоии ЮТэйри Русия эълом карда аст, ки парвоз аз Маскав ба Душанбе дар рӯзи 14 ноябр ҳатто бо билети 45 ҳазор рублӣ дигар ҷойи холӣ надорад ва мусофирон бояд дар интизори парвозҳои баъдӣ бошанд, иттилоъ додааст Родио Хуросон.

Пештар эълом шуда буд, ки парвозҳои ин ширкати русӣ вобаста ба теъдоди мусофирон дар масири Маскав ба Душанбеву Сургут ба Хуҷанд анҷом хоҳад шуд, то шаҳрвандони  Русияу тоҷикҳои дорои шаҳрвандии Русияро дар ин масирҳо ҷобаҷо кунад .

 Нархи билет барои ҳар мусофир 42 то 45 ҳазор рубли Русия таъин шуда, ки байни 450 то 500 доллар аст, аммо бо вуҷуди ин нархи гарон низ теъдоди коргарони муҳоҷири хоҳони бозгашт ба Тоҷикистон ба ҳадде зиёд аст, ки дар рӯзҳои 21 ва 28 ноябр низ парвозҳои чартерӣ анҷом хоҳад шуд.

Тамоми мусофироне, ки бо ин парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон бармегарданд бояд гувоҳиномаи саломат аз назари корона дошта бошанд.

Ин гувоҳинома бояд чаҳор шабонарӯз қабл аз парвоз дарёфт шавад.

Барчаспҳо:
дарёфт, парвоз, билет, "ЮТэйр", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ