19:19 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.56
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
498522

Раисҷумҳур бо имзои 11 фармон дар шаҳру навоҳии ду вилояти Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод. Бо ному насаби кадрҳои тозатаъин аз гузориши мо шинос шавед

ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон матни фармонҳои раисҷумҳурро дар бораи таъин ва барканор шудани 11 нафар нашр кардааст.

Ҳамин тавр, тибқи фармони рақами 53 аз 11 ноябр Сафарзода Раҳматулло Хайрулло бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон озод карда шуда, тибқи фармони навбатӣ ба ҷои вай Аҳмадзода Илҳом Шамол таъин карда шудааст.

"Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Ёқубзод Саид бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон озод карда шавад", - омадааст дар фармони рақами 54 ва дар фармони навбатӣ ба ҷойи Ёқубзода Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон таъин гардидааст.

Тағйироти кадрӣ дар вилояти Суғд

Дар шимоли Тоҷикистон низ раисони 3 шаҳру навоҳӣ - Конибодом, Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иваз шудаанд.

Ҳамин тавр, дар Бобоҷон Ғафуров ба ҷои Назирӣ Зариф Вализода, Давлатзода Зафарбек; дар Конибодом ба ҷои Давлатзода Зафарбек - Тӯхтасунзода Абдусалом ва дар шаҳри Панҷакент ба ҷои Шафеиён Ислом Зиёзода, Холиқзода Абдухолиқ Санавбар раис таъин гардиданд.

Тағйирот дар Суғд: раисони ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон ва Панҷакент таъин мешаванд

Сабаби барканории раисони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Панҷакент низ гузаштан ба кори дигар гуфта мешавад.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки раиси ноҳияи Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо барканор шуда, ба ҷояш Асозода Дилшод Алимурод таъин гардид.

Мавзӯъҳои асосӣ