08:05 25 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.41
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
275411

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз боз чаҳор қарори дигар содир намуд. Президенти муовини вазири саноатро аз вазифааш озод карду дар бахши энержии кишвар як қатор тағйиротҳои кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Тибқи қарори Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Рустами Содиқ Абдукаримзода бинобар вафоташ аз вазифаи муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон озод карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Президент.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки бо қарори навбатии раисҷумҳур, Асрорзода Нусратулло Саттор директори иҷроияи Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика” таъин карда шуд.

Инчунин роҳбари Тоҷикистон бо як қарори дигараш Билолзода Умедҷон Ҳайдар директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” таъин кард.

Тибқи қарори чаҳоруми Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон Маҳмудзода Мирзо директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои интиқоли барқ” таъин кард.

Ёдарс мешавем, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар бо имзои 11 фармон дар шаҳру навоҳии ду вилояти Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод.

Барчаспҳо:
қарор, энергетика, саноат, вазорат, тағйироти кадрӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ