09:21 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
103 0 0

Филми коргардони ҷавони тоҷик Усмон Юсупов таҳти унвони “Ношунаво” дар Чин сазовори ҷоизаи гардид

ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Филм сазовори ҷоизаи байналмилалии синамоии  Golden Begonia Award -и Фестивали VIII Осиёии филмҳои кӯтоҳметраж дар Чин дониста шуд, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар Чин.

Гуфта шудааст, ки мунаққидон ин филмро яке аз беҳтаринҳо дар кинофестивал арзёбӣ кардаанд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки ташкилкунандагони озмӯн ҷоизаи Усмон Юсуповро барои филм аллакай ба намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Чин тақдим карданд, зеро худи муаллиф бо сабаби пандемия ба ин фестивал омада натавонист.

Тибқи иттилои сафорат, маросими супоридани ҷоизаҳо дар шаҳри Линсанги вилояти Юннан дар ҷанубу ғарби Чин баргузор шудааст.

Дар кинофестивал ҳамагӣ се филми коргардонҳои тоҷик муаррифӣ шуда, озмун ҳамасола маҷмӯан беш аз 20 ҳазор дархостро аз 30 кишвари ҷаҳон интихоб мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар 7-умин Фестивали осиёии филмҳои кӯтоҳметраж (7thAsian MicroFilmArtFestival), ки моҳи ноябри соли 2019 дар Чин баргузор шуда буд, филми тоҷикии “Хаёлфурӯш” -и коргардон Шарофат Арабова низ ҳамчун яке аз беҳтарин филмҳои кинофестивал бо ҷоизаи “Олиҳаи тиллоӣ” (Begonia Golden) мукофотонида шуда буд.

Филми “Хаёлфурӯш” дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикфилм” ва студияи ҳиндустонии “Марудҳар Артс” таҳия шуда, барои бозидани нақши асосӣ ҳунарпешаи кинои Ҳиндустон Пушпендра Сингх даъват шуда буд. Филм бо забонҳои тоҷикӣ ва ҳиндӣ ба навор гирифта шудааст.

Барчаспҳо:
коргардон, ҷоиза, филм, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ