21:55 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
154101

Боду ҳавои Тоҷикистон то рафт сард мешавад. Ба далели воридшавии анбӯҳи ҳавои сард аз минтақаҳои шимолу ғарбӣ дар кишвар ҳавои ноустувор дар назар буда, дар водиҳо бориши борон бо гузариш ба барфи тар, дар назар аст

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Имрӯз дар баландкӯҳҳо барф борида, дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби ВМКБ бориши шиддатноки борон, дар назар аст.

Ҳангоми воридшавии анбӯҳи ҳавои сард пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа пешгӯӣ мешавад.

Рӯзҳои 13-14 ноябр дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ фаромадани меғ пешгӯӣ мешавад.

Шабонарӯзи наздик бо сабаби ба амал омадани бориши шиддатнок дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ эҳтимоли фаромадани сел пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз АМИТ "Ховар" бо такя ба Ожонси ҳавошиносӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст.

Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши бошиддат ба амал меояд. Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 3 дараҷа  хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7  ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф пешгӯӣ мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 4+9 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 6+8 ва  рӯзона 10+12 дараҷа  гарм мешавад.

Барчаспҳо:
сардиҳо, барф, борон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ