07:49 25 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.41
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
334 0 0

Ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе - Чанок ба зиммааш вогузор аст, мегӯяд ба фаслҳои тирамоҳу зимистон ҷиддан омода аст

ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, субҳи имрӯз бориши шадиди борон ва дар минтақаҳои баландкӯҳ резиши барф шурӯъ гардид.  

Дар шоҳроҳи Душанбе -  Чанок бориш нисбатан зиёд буда, дар минтақаи Варзоб аз километри 10 то 65 борон, аз 65 то 73 барф борида истодааст.

Дар минтақаҳои Зарафшону Суғд аз километри 155 то 210 бориши барф ва дар қисмати боқимонда бориши борон идома дорад.

Бо назардошти ҳолати баамаломада кормандони филиали ширкат фаъолиятро беш аз пеш тавсеа бахшида, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд, то ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин бошад.

"Дар ин раванд коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш мадди назар буда, ин кор мунтазам амалӣ шуда истодааст", - мегӯяд IRS.

Филиали ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш вогузор аст, ба фаслҳои тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ дорад.

Борони шиддатнок ва барф: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Бино ба гузориши ин ниҳод, то кунун, барои фаъолияти муназзам дар фасли сармо 19820 тонна маводи зиддилағжиш, 69 тонна ангишт, 171000 литр  сӯзишворӣ (солярка ва бензин) ва дар ҳаҷми зарурӣ  равғанҳои молиданиву сарулибоси зимистона  захира шудааст.  

Илова ба ин, техникаҳои марбут ба филиали ширкат бо шинаҳои зимистона таъмин гардида, ҳолати техникиашон ба талабот ҷавобгӯ аст.

Барчаспҳо:
кушодани роҳ, вазъи роҳҳо, "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" (IRS)

Мавзӯъҳои асосӣ