21:05 26 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
967 0 0

Анвар Мирзоҳакими Олим, нависандаи номвар ва мутарҷими варзида, бародари шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, дар синни 64 - солагӣ аз дунё даргузашт

ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Аъзам Хуҷаста, шоир ва аз ҳамкорони ӯ, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Анвар Мирзоҳаким Олим, солим буд ва зоҳиран аз ҳеҷ беморие ранҷ намекашид, вале шоми дирӯз даъвати Ҳақро лабайк гуфту ҷон таслим кард.

"Ба кор омада мерафтанд. Ахиран рӯзи сешанбе буд, ки бо вохӯрии донишҷӯёни шӯъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи Хуҷанд бо ҳайати эҷодии маҷаллаи "Пайёми Суғд" доир гардид. Донишомӯзон ду се ҳикоя навишта буданд, онҳоро ҳамроҳ бо устод таҳрир ва барои нашр дар нимсолаи аввали соли оянда омода карда будем. Дирӯз хабар доданд, ки бандагӣ кардаанд. Ҷояшон ҷаннат бод,ба аҳли пайвандонашон сабри ҷамил хоҳонем", - зикр кард, Хуҷаста.

Анвар Мирзоҳакими Олим (Ориёнмеҳр), соли 1956 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.

Баъд аз хатми мактаби миёна шомили Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод шуда, соли 1977 соҳиби дипломи маълумоти олӣ гардидааст.

Солҳои 1986-1988 дар сафи Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон адои хидмат кардааст.

Аз соли 1980 дар соҳаи рӯзноманигорӣ заҳмат мекашад. Чанд сол ба ин дам корманди масъули маҷаллаи адабии "Паёми Суғд" буд.

Анвар Мирзоҳакими Олим аз зумраи нависандагони мумтози тоҷик аст, ки дар рушди насри ба истилоҳ психологӣ дар нимаи дуюми асри 20 то ин ҷониб дар адабиёти тоҷик саҳми бориз гузоштааст.

Ӯ муаллифи даҳҳо асару достонҳои мустанад аз ҷумлаи "Балогардон", "Лолаҳои муҳаббати модар", "Қиссаҳо аз ислом ва панди Мавлонои Рум", "Вақти гули зардолу", "Макрӯҳ" ва "Шаби 13-ум…" мебошад.

Анвар Мирзоҳакими Олим аз мутарҷимони соҳаи адабиёт буд, ки асарҳои адибони дигар аз ҷумла силсилаи ҳикояҳои нависандаи Латвия Андрей Скилс "Чароғи сеҳрнок", нависандаи рус В. Гринков "Ашки ҷаллод", нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов "Алопаре, ки медавад лаб-лаби баҳр" ва инчунин даҳҳо латифаю ҳикояҳои ҷопонӣ бо номи "Қатраҳои борон, пас борон" ва амрикоиро ба тоҷикӣ ба нашр расонидааст.

Ӯ аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Бо гирифтани ҷоизаҳои адабии ба номи Раҳим Ҷалил, Камоли Хуҷандӣ ва Садриддин Айнӣ сазовор гардидааст.

Манобеъ аз деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтанд қарор аст, соати 16:00 баъд аз асри имрӯз, ҷанозаи Анвар Мирзоҳакими Олим дар қабристони "Чилдухтарон" дар зодгоҳаш ба хок супурда шавад.

Барчаспҳо:
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, олим, Тоҷикистон, даргузашт

Мавзӯъҳои асосӣ