08:06 02 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.54
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
151 0 0

Мақомоти шаҳри Хуҷанд эълон кардааст, ки дар Рӯзи президент якчанд чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар шаҳр бахшида ба Рӯзи Президент, ки 16 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, баргузории як зумра чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ дар назар дошта шудааст.

“Тибқи нақшаи барномаҳо, дар тамоми муассисаву ташкилоти шаҳр маҷлисҳои тантанавӣ ба ин муносибат баргузор ва доир ба нақшу мақом ва хидматҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маърӯзаҳо ироа мегарданд”, - қайд кардааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки мувофиқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", ки аз 14.05.2016 қабул шудааст, дар Тоҷикистони рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун "Рӯзи Президенти Тоҷикистон" ҷашн гирифта мешавад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на стройке Рогунской ГЭС
© Фото : Официальная страница президента РТ в Facebook

Сабаби ҷашни Рӯзи Президент дар 16-уми ноябр дар он аст, ки дар ҳамин рӯз яъне 16-уми ноябри соли 1994  Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Тоҷикистон савганд ёд карда, худи ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони, шакли идории Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.

Нашри китоби ҷадид дар бораи президенти Тоҷикистон

Дар ин рӯз дар саросари кишвар ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир мегардад.

Барчаспҳо:
омодагӣ, таҷлил, Рӯзи Президент, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ