13:48 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
205 0 0

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон барои наҷоти ҷони писарбачаи 17 - сола аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, кормандони ин ниҳод ҳамарӯза бо мақсади самаранок иҷро намудани вазифаҳои дар наздашон гузошташуда ва наҷоти ҷони инсонҳо бо тамоми вазорату идораҳо ҳамкорӣ мекунанд.

Дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, панҷ нафар наҷотдиҳандагони Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Гузоштани лавҳаи хотиравӣ барои сержант Амонов: бар зидди гурӯҳи Худобердиев ҷангида буд

Гуфта мешавад, ки ин кормандон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи милитсия қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пештар ин кормандон мактабхони 17-соларо, ки мехост худкушӣ кунад, наҷот дода буданд.

Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, давоми нуҳ моҳи гузашта дар ҷумҳурӣ 193 ҳодиса табиӣ ба қайд гирифта шуда, дар 25 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои кишвар зарар расида, 8 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ин ниҳод мегӯяд, давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби наҷотдиҳандагони кумита 216 нафар наҷот дода шудаанд.

Барчаспҳо:
наҷотдиҳӣ, қадрдонӣ, Хатлон, КҲФ

Мавзӯъҳои асосӣ