00:22 25 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2255 0 0

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тооҷикистон Эшони Сироҷиддин, ки ба гумон раҳбари гурӯҳи ғайрирасмии салафия ба шумор мерафт, дар маҳалли иқоматаш дар шаҳри Душанбе боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, ин бори дувум аст, ки Эшони Сироҷиддинро кормандони ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ  ба ҳамроҳи теъдоде аз шогирдонаш боздошт мекунанд.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми боздошт кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми боздошт китобҳо ва компютери шахсии ӯро низ бо худ бурдаанд.

Сабаби боздошти дубораи раҳбари ғайрирасмии гурӯҳи салафия шарҳ дода нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки Эшони Сироҷиддин дар соли 2009 бо иттиҳоми барангехтани низои мазҳабӣ аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд, аммо тибқи қонуни афви умумӣ дар соли 2013 раҳо шуд ва ҳоло наздиконаш аз боздошти дуборааш хабар медиҳанд.

Аз соли 2005 то 2009 Эшони Сироҷиддин бо намояндагони Ҳизби Ҷунбиши Исломӣ ва пайравони равияи салафия дар Тоҷикистон шадидан муноқиша карда, хостори вуҷуди мазҳаби салафия шуд.

Барчаспҳо:
Душанбе, иқомат, Салафия, боздошт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ