12:27 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
369 0 0

Ноҳияҳои Панҷ, Кӯшониён ва Вахши вилояти Хатлон дар даҳ моҳи соли ҷорӣ барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳалидошта тамоман маблағ ҷудо накарданд

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Маҳмадулло Файзалиев, сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар суҳбат бо рӯзномаи “Фараж” таъкид кардааст, ки дар ин давра аз буҷаи мақомотҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои минтақа 1,5 миллион сомонӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ  ҷудо карда шудааст.

“Дар ин давра ноҳияҳои  Вахш, Панҷ ва Кӯшониён барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои аҳамияти маҳалидошта, ягон сомонӣ ихтисос надоданд. Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  бошад, хеле кам, яъне 4 ҳазор сомонӣ  ҷудо кардаст, ки ин маблағ кофи нест”, — илова кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, гуфтаҳои Маҳмадулло Файзалиевро роҳбари Муассисаи давалтии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур Умед Умаршоев тасдиқ карда, илова кардааст, ки бо ин маблағ чанде аз роҳҳоро сангфарш карданду халос.

“Роҳҳои маҳаллӣ дар ин ноҳия 182,1 километро ташкил медиҳанд, ки 80 дарсади онҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Барои ҷудо карадани маблағ ба мақомоти маҳҳалии ноҳия борҳо муроҷиат кардем, аммо ҳеҷ тадбире намеандешанд”, — илова кардааст Умед Умаршоев.

Дар умум дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 1 ҳазору 980,7 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мавҷуданд, ки аксари ин ҷодаҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд.

Барчаспҳо:
Вахш, Панҷ, ҷудо, маблағ, таъмир, роҳ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ