04:29 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15

Аз карахтӣ дар таъйини кадрҳо то қинии кор: Грозин бурду бохти Раҳмонро гуфт-садо

Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
142620

Андрей Грозин роҳбари шуъбаи Осиёи Марказии Пажуҳишгоҳи кишварҳои ИДМ бурду бохти кори Эмомалӣ Раҳмон дар раъси Тоҷикисонро баҳогузорӣ карда, аз мушкилоти кору камбудиҳояш гуфт

Грозин дар Рӯзи Президент, ки дар Тоҷикистон 16 ноябр таҷлил мешавад, изҳор дошт, ки таърихи навини кишвар бо шахсияти Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад

Коршинос дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз мушкилоти кори Раҳмон суҳбат карда, дар қатори монеаҳои асосии рушди кишвар, сохтори иқтисод, вазъи демографӣ ва мероси ҷанги шаҳрвандиро ном бурд, ки дар чунин шароит идораи кишвар бисёр мушкил мебошад.

Ба гуфтаи Грозин, ин ки Тоҷикистон тай даҳсолаҳои охир ба масири рушд баромадааст, хизмати Раҳмон ва афроде, ки ҷамъ овардааст.

Грозин: фигура Рахмона неотделима от истории

“Аз Эмомалӣ Шарипович як қатор эродҳо мегиранд, ки чизеро надуруст кард, аммо барои гузаштаро арзёбӣ кардан, хиради ҳама мерасад. Бояд авзоъро солим ва мунсифона баҳо дод. Раҳмон роҳбари мусбату муваффақ буд. Интихоботи ахири президентӣ нишон доданд, ки аксари шаҳрвандон суботро арзиши аслӣ ва баҳснопазир медонанд. Бо субот шахсияти Раҳмонро пайванд медонанд”, - илова намуд Грозин.

Ӯ таъкид намуд, ки дар баробари ин бояд воқеъбин буд, чун дар ҷомеа камбудиҳои зиёдро ба шахсияти Раҳмон марбут медонанд.

Аз ҷумлаи камбудиҳои Раҳмон ба гуфтаи Грозин карахтӣ дар сиёсати кадрияш мебошад, чун афроде, ки бо тамоми маъно кори самаранок намекарданд, даҳсолаҳо дар мақомашон дар саргаҳи иқтисод мемонданд. Ба гуфтаи коршинос, тағйироти ахири кадрӣ то ҷое шиддат дар ин бахшро коҳиш дод.

“Ҳозир ҷойивазкуниҳо сурат гирифта истодаанд, ҷунбишҳо дар бахши қонунгузорӣ ҷой доранд, коркарди масъалаҳо барои ислоҳот дар қонунгузории иқтисодӣ, сиёсати сармоягузорӣ ва тартиботи молиявӣ сурат гирифта истодаанд”, - гуфт Грозин.

Ӯ илова намуд, боре, ки ба дӯши Раҳмон аст, гарон мебошад, чун Тоҷикистон ҷумҳурии бой нест.

Грозин мӯътақид аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бояд саргаҳи асосии  баҳогузориҳо ба фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон бошад.

Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, таҳияи кадрҳо, таъйин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ