15:47 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
48801

Дар наздикии ноҳияи Муъминобод заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд: қувваи онро коршиносон тақрибан 5 балл арзёбӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон замин ҷунбид, хабар медиҳад Маркази заминларзашиносии аврупоӣ ва баҳримиёназаминӣ.

Дар ин бора сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ хабар медиҳанд.

Замин соатҳои 12:35 бо вақти маҳаллӣ такон хӯрдааст. 

Бино бар иттилои марказ, қувваи он 4,7 баллро ташкил дода ва маркази он жарфои 10 километрӣ гуфта мешавад.

Минтақаи наздиктарин ба маркази заминҷунбиро ноҳияи Муъминобод арзёбӣ кардаанд.

Шумораи қурбониёни заминҷунбии мудҳиш дар Туркия ба 42 нафар расид - навор

Дар бораи хисороти моливу ҷонӣ иттилое дода намешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ