"Саҳмияҳо"-и Pepsi, Nike, Microsoft ва BMW-ро фурӯхтанд: боздошти ду тоҷик дар Қазоқистон

© Sputnik / Михаил Кутузов / Гузариш ба медиабонкДоллары США
Доллары США - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қазоқистон пирамидаи молӣ ташкил карда, худро намояндагони ширкати Pepsi, Nike, Microsoft ва BMW муаррифӣ кардаанд ва саҳмияҳои қалбакиро фурӯхтаанд

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Октобаи Қазоқистон пирамидаи молӣ ташкил карда, саҳмияҳои Pepsi, Nike, Microsoft ва BMW-ро ба фурӯш гузоштаанд.

Дар шӯъбаи тадқиқоти иқтисодии вилоят хабар доданд, ки то имрӯз ҳаҷми умумии зарари молии расонадаи қаллобон 100 ҳазор доллар арзёбӣ карда мешавад.

Ҳудуди 400 нафар ба полиси кишвар шикоят бурдаанд, ки фиреб хӯрдаанд ва бо ин далел тафтишоти пешакӣ оғоз шудааст.

Дар пайи тафтишоти пешакӣ муайян гардидааст, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қазоқистон пирамидаи молӣ ташкил карда, саҳмияҳои ширкатҳои бузурги ҷаҳониро ба фурӯш мегузоштанд ва худро намояндагони ин ширкатҳо муаррифӣ мекарданд.

Яке аз гумонбарон - шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шудааст ва шарикаш дар бозҷӯӣ қарор дорад.

Тафтишот идома дорад.

Дар Тоҷикистон намояндаи қалбакии ширкати “LNS” мехост пирамидаи молиявӣ созад

Ёдрас мешавем, ки айнан ҳамин гуна пирамидаи молиро моҳи феврали соли 2020 дар Ӯзбекистон ошкор карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0