04:38 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2810 0 0

Маъмурзода Адҳам Маъмур, иҷрокунанда вазифаи раиси шаҳри Истаравшан таъйин шудааст. Фармони мазкурро кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонд

ДУШАНБЕ, 18 ноя – Sputnik. Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон, бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Адҳам Маъмурзода, иҷрокунандаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таъйин гардидааст.

Ин таъйиноти кадрӣ, имрӯз дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Хабари такя задани Маъмурзода ба курсии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшанро аз ҳукумати ин шаҳр низ тайид карданд.

"Ҳамин хел хабар доданд ҳоло ба мо, ки Адҳам Маъмурзода, иҷрокунандаи раиси шаҳр таъйин шудаанд",- гуфт манбаъ аз ҳукумати шаҳри Истаравшан.

Маъмурзода дар ин мақоми вазифавӣ ҷойи Қурбонзода Амирхонро дар шаҳри Истаравшан иваз мекунад.

Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Орипов сардори Идораи санитарию эпидемиологӣ шуд

Маъмурзода Адҳам Маъмур, зодаи шаҳри Истравашан буда, соли 2005 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷандро хатм намудааст.

Ӯ фаъолияти меҳнатиашро ба сифати мутахассиси роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд оғоз намуда, дар ин вазифа то соли 2010 кор кардааст. Солҳои 2010-2014 дар шуъбаи таҳлилию ташвиқотии Раёсати ҲХДТ дар шаҳри Душанбе буд. Солҳои 2012-2015 роҳбари созмони ҷавонони “Созандагони Ватан”, қаноти ҲХДТ фаъолият кардааст.

Аз моҳи феврали соли 2014, муовини сардори шуъбаи Дастгоҳи иҷроияи Президент таъйин шуд.

Барчаспҳо:
таъйиноти кадрӣ, Истаравшан

Мавзӯъҳои асосӣ