Аз муовинии Озода Раҳмон то Идораи сирри давлатӣ: Абдуллозода кист?

© © Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Комитета по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан Ахтам Абдуллозода
Председатель Комитета по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан Ахтам Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдуллозода Аҳтам Рустам бо фармони Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон, сардори Саридораи сирри давлатӣ таъин шуд

ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik. Абдуллозода Рустам имрӯз, 18 ноябр дар доираи тағйироти кадрӣ, бо фармони кишвардори Тоҷикистон ба курсии сардори Идораи сирри давлтӣ такя зад.

Абдуллозода то ин замон муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор мекард.

Абдуллозода кист?

Абдуллозода Рустам Аҳтам 31 октябри соли 1980 таваллуд шудааст. Ӯ зодаи вилояти Хатлон мебошад.

Председатель Комитета по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан Ахтам Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Абдураҳимов рафту Абдуллозода омад: идомаи тағйироти кадрӣ

Соли 2002 Донишгоҳи милли Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиноси байналхалқӣ хатм намудаст.

Солҳои 2002-2007 дар вазифаҳои мушовири ҳуқуқии Маркази истеҳсолию тиҷоратии "Иқлим" ва машваратчии ҳуқуқии ҶДММ "Юнитекс" фаъолият намудаст.

Зимнан, соли 2007 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои мутахассиси пешбар, сармутахассис, мудири бахш, муовини мудири Шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ ва аз моҳи январи соли 2014 сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Идомаи тағйироти кадрӣ: Президент бо як фармон се судяро барканор кард

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2014 ба вазифаи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва аз 21 июни соли 2017 бо қарори Ҳукумати  Тоҷикистон раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъйин гардидааст.

Ӯ ҳамчунин Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад.

Аҳтам Абдуллозода оиладор буда ва 3 фарзанд дорад.

Лентаи хабарҳо
0