15:58 03 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
825 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе то - 4 дараҷа сард мешавад

ДУШАНБЕ, 19 ноя - Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. 

Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7дараҷа сард ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 12-17 дараҷа хунук ва рӯзона  6-11 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, барф мебораду меғ мефарояд. Бод аз сӯ ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  7-12 дараҷа  хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа  хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат дар назар буда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона  ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона   ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Дар баъзан ҳолатҳо барф бошиддат борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона ва рӯзона  2-4 дараҷа хунук мешавад.

Барчаспҳо:
сардӣ, меғ мефарояд, барф, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ