19:48 26 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
52310

Шаҳрдории Душанбе дар робита ба қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус, гузаронидани ҳама чорабиниҳои солинавиро дар ҳудуди пойтахт, манъ кард

ДУШАНБЕ, 19 ноя - Sputnik. Имсол шаҳри Душанбе бе арчаи солинавӣ ва ороишоти ҷашнӣ мемонад, хабар доданд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Аз ҷумла дар майдони Дӯстии пойтахт, ки макони гузоштани арчаи асосии кишвар мебошад, ягон арчаи солинавӣ гузошта намешавад.

Ҳамчунин дигар боғҳои Душанбе низ бе арчаи солинавӣ мемонанд.

Ҳамин тавр, ба муносибати Соли нави мелодии 2021 ташкили арчаи солинавӣ, баргузории барномаҳои фарҳангӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ манъ карда мешаванд.

Тақвими рӯзҳои Ид дар Тоҷикистон дар соли 2021

"Дар майдони Дӯстӣ арчаи солинавӣ аниқ гузошта намешавад. Шояд баъзе ороишот шавад. Вале дар деворҳои биноҳои мақомот навиштаҷот бо табрикот ба муносибати соли 2021 пайдо хоҳад шуд", - қайд карданд дар шаҳрдорӣ.

Ёдрас мешавем, ки 18 ноябр Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз COVID–19 дар Тоҷикистон вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюм қарор кард, ки барномаҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, шабнишиниҳо ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ карда шавад.

Тақвими мусалмонӣ барои соли 2021

"Дар ин робита сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад",- омадаааст дар хабарномаи шаҳрдорӣ.

Барчаспҳо:
таҷлил, Соли нав, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ