16:14 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1591 0 0

Тахриби бинои ҷадиди Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои сохт Боғи мавсум ба 30 - солагии истиқлол оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфтаанд, ки кормандони ин ниҳод акнун дар биное мавсӯм ба "Душанбе Плаза" фаъолият мекунанд.  

 Ёдрас мешавем, ки "Душанбе Плаза" аз сӯи Зайд Саидов, соҳибкор ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, ки ба 28 соли зиндон маҳкум шуда аст, сохта шуда буд.

Бинои дар ҳоли тахриби Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2005 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва акнун бо тасмими шаҳрдории Душанбе ба ҷои он Боғи 30 солагии истиқлоли Тоҷикистон сохта мешавад.

Ин боғи ҷадид дар масоҳати 29 гектар дар канори Донишгоҳи омӯзгор , меҳмонхонаи Авесто ва Кохи Ваҳдат бо ҳафт дарвозаи вурудӣ сохта хоҳад шуд.

Ҳамчунин сохти бурҷе бо номи "Тоҷ" дар ин боғ ба иртифои 121 метр ба унвони рамзи истиқлоли Тоҷикистон мадди назар аст.

Барчаспҳо:
боғ, тахриб, бино, Душанбе, шаҳр, Бонки миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ