19:49 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
114602

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Бо қарори Ҳукумат, Абдулваҳобзода Темурҷон Назурулло директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Дар қарори Ҳукумат далели барканории Давлатзода Қудрат Қамбар аз вазифаи директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст.

Давлатзода Қудрат Қамбар ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таъйин гардидааст.

Раҳмон раиси Бонки миллӣ ва муовинонашро барканор кард: Холиқзода - раиси нав

Темурҷон Абдулваҳобзода, ки то ҳол муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ҷойгузини Давлатзода шуд.

Барчаспҳо:
мудир, тағйироти кадрӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ