20:11 26 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
473 0 0

Котиботи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз кадрҳое, ки имрӯз дар мақомҳои роҳбарӣ дар ниҳодҳои давлатӣ таъйин шуданд тавсиф кард

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Котибот зикр кард, ки бо фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои Ҳукумат имрӯз ба вазифаҳои роҳбарикунандаи Бонки миллии Тоҷикистон, корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк" ва сохторҳои дигар кадрҳои нав таъйин гардиданд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки аксарият кадрҳои ҷавону болаёқат буда, дар баробари таҷрибаи корӣ, маҳорати кордонӣ, қобилияти ташкилотчигӣ ва малакаи роҳбарӣ, донандаи забонҳои хориҷӣ мебошанд.

Тавсиф аз мақомдорони тозатаъйин дар ҳолест, ки имрӯз бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз мақоми раиси Бонки миллӣ барканор шуда, ба ҷои ӯ Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло таъйин гардид.

Таъйинот дар раёсати бонки нави давлатии “Саноатсодиротбонк”

Инчунин бо қарори Ҳукумат, Абдулваҳобзода Темурҷон Назурулло ба ҷои Қудрат Давлатзода директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Давлатзода Қудрат Қамбар мақоми ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро соҳиб шуд.

Барчаспҳо:
тағйирот, кадр, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ