15:55 29 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
107 0 0

Дар шаҳри Кӯлоб озмуни "Кадбонуи беҳтарин" баргузор гардид, ки дар он занони шаҳр ҳунарҳояшонро нишон доданд

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  озмуни "Кадбонуи беҳтарин" доир гардид.

Озмун бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ баргузор карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.

"Дар озмун иштирокчиён аз рӯи шартҳои намоиши либосҳои миллӣ, тарзи тайёр намудани хӯриш, ширинӣ, гуландозии кулча, тарзи тайёр намудани оши бурида, дӯхтани шероз ва бофтани ҷӯроб, қаламзанӣ ва чакандӯзӣ дар матоъ, ороиш ва парвариши мӯй ҳунарнамоӣ намуданд", - менависад манбаъ.

Тақдими аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ ба ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур-ин муайян намудани беҳтарин кадбонуҳо, инчунин  эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва омӯзиши ин ҳунарҳо ба ҷавондухтарон гуфта мешавад.

Дар ҷамъбасти озмун иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ