Ҷоиза барои шуҷоат: озмуни Кумитаи ҷавонон дар Тоҷикистон

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевПраздничный концерт в Душанбе
Праздничный концерт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷоиза ба ҷавононе, ки дар вазъияти ҷангӣ ҷасорату фидокорӣ нишон дода, дар ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ, ки ба наҷоти ҳаёти инсон вобаста мебошанд, тақдим карда мешавад

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон миёни ҷавонони касбу кори гуногун озмуни "Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ" доир менамояд.

Нигина Амонқулова обо садои зинда месарояд - Sputnik Тоҷикистон
Нигина Амонқулова дар озмуни "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" иштирок кард - овози зинда

Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки озмуни мазкур дар доираи "Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022" роҳандозӣ шудааст.

Беҳтарин кадбонуи Кӯлоб муайян гардид

Ҷоиза бошад аб ашхосе дода мешавад, ки дар ин ё он ҳолати вазнин ҷони касеро наҷот додаанд.

"Ҷоиза ба ҷавононе, ки дар вазъияти ҷангӣ ҷасорату фидокорӣ нишон дода, дар ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар вазъияти барои ҳаёт хатаровар, дар ҳолатҳои шадид, ки ба наҷоти ҳаёти инсон вобаста мебошанд, аз ҷумла ғарқшавӣ, сўхтор, офатҳои табиӣ ва ғайра иштирок намудаанд, тақдим карда мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар озмун шаҳрвандони аз 14 то 35-солаи Тоҷикистон метавонанд ширкат кунанд.

Таъкид мешавад, довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро мутобиқ ба низомномаи Ҷоиза то моҳи декабри соли равон ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш пешниҳод намоянд.

Лентаи хабарҳо
0