15:56 29 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
282530

Додгогоҳи вилояти Хатлон, ҳукми Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлобро эълон кард. Бар асоси ин ҳукми додгоҳ, нисбати  Иноятзода 12 сол равонаи зиндон таъин шудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik.  Баррасии парвандаи Баҳром Иноятзода, дирӯз дар додгоҳи вилояти Хатлон ба анҷом расид ва манобеъи Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки судя Сафар Холмадзода, нисбати шаҳрдори пешини Кӯлоб ҳукми судиро эълон кард.

“Додгоҳ ба Баҳром Иноятзода 12 - сол ва ба ронандааш Хурсандалӣ Хуррамов, ки ба парванда ҳамроҳ буд,  8 - сол ҳукми зиндон содир кардааст”, иттилоъ дод манбаъ.

Чанде пеш дар ҷараёни мурофияи судӣ прокурори минтақаи Кӯлоб, аз додгоҳ талаб намуда буд, ки нисбати Иноятзода 14- соли маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шавад.

Додгоҳ собиқ раиси Кӯлоб ро  ба сӯиистифода аз мансаб, фасоди молӣ, тасарруфи амволи давлатӣ, қаллобӣ, тақсими ғайриқонунии замин, қонунигардонии даромад бо роҳи ҷиноӣ айбдор шумурдааст.

Абдусамад Маннонзода, раиси қаблии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Баҳром Иноятзода, раиси пешини шаҳри Кӯлоб аз ҷумлаи собиқ раисони ду шаҳру ноҳия дар вилоятҳои Суғду Хатлони Тоҷикистон гуфта мешаванд, ки алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Пулис сокини 30 - солаи Кӯлобро меҷӯяд: аз чор нафар 1.5 миллион сомонӣ гирифту ғайб зад

Абдусамад Маннонзода соли 2016, баъди он, ки мақомоти мубориза бо фасод дар вилояти Суғд дар бораи парвандаи ӯ эълон карданд, аз маҳалли зисташ аз ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фирор кард. Бо гузашти инак чаҳор сол ӯ, ҳамоно ба тафтишот ҳозир нашуд ва мақомот ҳам ҷиҳати дарёфти собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муваффақ нашуданд.

Фирори Маннонзода баъди оғози парвандаи порагирӣ

Абдусамад Маннонзода, аз соли 2013 то соли 2015 давоми се сол раиси сернуфустарин ноҳия, Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд буд.

Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, соли 2016 баъди аз вазифа барканор шудани Маннонзода эълон кард, ки ӯ дар замони раиси ноҳия буданаш даст ба порагирӣ зада, барои ҷудо намудани замин ба хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ дар маҷмӯъ 140 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтааст.

Идораи мубориза бо фасод дар шарҳи парвандаи собиқ раиси ноҳияи Б. Ғафуров иттилоъ дода буд, ки “Умаров Б. У. аз 17. 08 соли 2013 то 29. 12 соли 2014 ҳангоми дар вазифаи раиси Ассосиатсияи илмӣ - истеҳсолии ба номи Р. Набиеви н. Б. Ғафуров кор карданаш, бо роҳи қаллобӣ барои ташкили хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ ба ҶДММ “Аҳмадов А” ҷудо намудани қитъаи замин аз ҳисоби хоҷагии номбурда аз шаҳрванд Шарипов М. М. 100 000 доллари ИМА гирифта, ба собиқ раиси н. Б. Ғафуров Абдусамад Маннонзода додааст.

"Ҳамчунин моҳи марти соли 2014 барои бо қарори худ вобаста намудани қитъаи замини мазкур 14 000 доллари ИМА ва як адад автомашинаи сабукрави тамғаи “Toyota Camry” бо арзиши 26000 доллари ИМА ба сифати пора гирифтааст”, - тавзеҳ дода буд идора.

Дар тавзеҳи порагирии раиси пешини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, соли 2016 мақомот эълон кард, ки алайҳи Маннонзода бар асоси моддаи 319 қисми 4 банди “г” (барои гирифтани пора ба миқдори махсусан калон) -и  Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз карда шудааст. Аммо баъди ин эълони расмӣ, Маннонзода ба тафтишот ҳозир нашуда, балки аз маҳалли зисти худ фирор кардааст. Инак чаҳор сол аст, ки собиқ раиси ноҳия ғайб задааст.

Рӯзноманигорон то ҳол мепурсанд

Фирори Маннонзода ва парвандаи алайҳи ӯ,  мавзӯест, ки дар то ин дам дар нишастҳои матбуотӣ масъулони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғдро ҳамеша суоли рӯзноманигорон манзур медорад.  Ду соли пеш мақомот гуфта буданд, ки нисбати Маннонзода, пайгарди байналмиллалӣ эълон кардаанд, аммо то имрӯз дар бораи дар куҷо фирор кардани ӯ иттилои қобили мулоҳиза ба даст наомадааст.

Қаллоб боздошт шуд: худравашро ба як кас пешниҳод карда пул гирифту ба нафари дигар фурӯхт

Дар оғози соли 2016, Зариф Назирӣ (бародарзодаи сарфазир ва ҳоло муовини раиси вилояти Суғд) ба ҷойи Маннонзода, раиси ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров таъйин шуда буд.

Соли гузашта, масъулини ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, акси раиси фирории ноҳияро аз лавҳаи ифтихории “Оинаи таърих”, ки он ҷо расми ҳамаи раисони пешин ва солҳои фаъолияти онҳо дарҷ  шудааст, барканданд.

Баҳром Иноятзода, моҳи июни соли равон замоне, ки раиси шаҳри Кӯлоб буд боздошт шуд. Мақомот дар шарҳи боздошти вай хабар доданд, ки Иноятзода дар содир намудани як идда ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ гумонбар дониста мешавад.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ Хурсандалӣ Хуррамов ва Фирӯз Қурбонов, ронандаи автомашинаи хизматии ва мудири қабулгоҳи собиқ раиси шаҳри Кӯлоб нишондод пешниҳод карданд, ки онҳо бо супориши раиси шаҳр, ба кирдорҳои қаллобӣ даст задаанд.

Дар додгоҳи вилояти Хатлон парвандаи Баҳром Иноятзода аз рӯи шаш моддаи қонун аз ҷумла 314 қисми 2, (сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 319 қисми 4 (гирифтани пора дар ҳаҷми бузург), 247 (қаллобӣ), 338 нишонаи 1, қисми 2 (ғайриқонунӣ додани қитъаи замин) ва 262 (қонунгардониии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омада) банду баст шудааст.

Баҳром Иноятзода, рӯзи 8 июн баъди боздошташ, бо фармони раисиҷумҳур аз вазифа барканор шуд ва ба ҷои ӯ Абдуқодир Вализода, раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таъйин гардид.

Парвандаи ҷиноӣ нисбати Маннонзода ва Иноятзода, аз камтарин мавридҳоест, ки собиқ роҳбарони баландмақом дар Тоҷикистон бо чунин ҳол дучор мешаванд. Ба фарқ аз Маннонзода, нисбати Иноятзода замони сари кор буданаш, парванданда ифтитоҳ шудааст.

Боздошти раиси Суди ноҳияи Айнӣ: 15 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст 

Мавзӯъҳои асосӣ