14:58 29 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
18910

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз наҷоти саг аз умқи чоҳ хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки саг ба чоҳи чуқуриаш 5 - метрӣ афтода буд

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе як сагро, ки дар чоҳи умқаш то 5 метр афтода буд, берун оварданд.

Бино ба гузориши КҲФ, ин ҳодиса дар кӯчаи Маяковскии ноҳияи Синои пойтах уттофоқ афтодааст. Ба қисми навбатдории Кумита соҳиби ин саг занг зад ва гуфтааст, ки сагашро наметавонад аз чоҳ берун орад. 

Мори рамида дар манзили сокини Душанбе ва об дар таҳхона

"Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷои ҳодса расида, вазъро арзёбӣ карданд. Маълум шуд, ки барои ин кор танҳо метавон аз таҷҳизоти  Alpine истифода кард. Онҳо ба чоҳ поин шуданд ва сагро беозор боло оварданд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки чун соҳиби саг он ҷо буд, ҳайвон ба наҷотдиҳандагон ҳеч муқовимате ҳам накард.

КҲФ мегӯяд, саги афтода ба чоҳ, солим берун оварда шуд ва ба ёрии байторӣ ниёз надошт.

Барчаспҳо:
саг, наҷотдиҳӣ, наҷот, КҲФ Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ