15:29 29 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
190 0 0

Иҷрокунандаи раиси шаҳри Истаравшан бо фаъолияти шӯъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии шаҳр шинос шуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин супоришҳои дахлдор додааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Адҳам Маъмурзода, иҷрокунандаи раиси шаҳри Истаравшан аз тозагии атрофи Беморхонаи марказии шаҳр ва сатҳи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони муассисаҳои соҳавӣ огоҳ шуда, бо иштироки роҳбарияти Беморхонаи марказӣ, хадамоти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, Маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ ва мудирони шӯъбаҳо ҷаласаи корӣ доир намуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Истаравшан, хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни ҷаласа Адҳам Маъмурзода барои фаъолияти самарабахш дар марҳилаи паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 аз номи роҳбарияти олии кишвар ва Мақомоти шаҳри Истаравшан ба кормандони тандурустии шаҳр изҳори сипос кардааст.

Дар ҳамин ҳол, иҷрокунандаи раиси шаҳри Истаравшан барои таҳкими фаъолият, бартараф сохтани камбудиҳо ва дар сатҳи зарурӣ омода шудан барои ҳолатҳои пешбининашаванда дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштаааст.

Мавзӯъҳои асосӣ