Хотири бузургон: дар оромгоҳи Лучоб 400 ниҳол шинониданд

© Шервони УмриддинЁдбуди Лоиқ Шералӣ дар оромгоҳи Лучоб
Ёдбуди Лоиқ Шералӣ дар оромгоҳи Лучоб - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарият ва кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва донишҷӯёни донишгоҳҳои макотиби олии Душанбе дар оромгоҳи Лучоб, ки бузургони миллати тоҷик гӯронида шудаанд, дарахт шинониданд ва атрофи онро тоза карданд

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Дар Лучоба бо иштироки зиёда аз 300 нафар таҳти шиори "Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем" маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид, хабар медиҳад Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раиси вилояти Суғд ниҳолшинонӣ кард - Sputnik Тоҷикистон
Муроҷиати Рустами Эмомалӣ: дар Душанбе 2,5 ҳазор ниҳол мешинонанд
Ба иттилои манбаъ, роҳбарият ва кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ташкилотҳои система ва муассисаҳои таълимии варзишии пойтахт, аз ҷумла Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе  ин маъракаи ниҳолшинониро ташкил намуданд.

Дар ҷараёни ҳашари дастаҷамъона зиёда аз 400 адад ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда шинонида шуда, гирду атрофи Оромгоҳи “Лучоб” тозаву озода гардонида шуд.

Бо дасти сабук: ниҳолшинонии Рустами Эмомалӣ дар маркази Душанбе

Кумита ва сохторҳои он дар кишвар, ҳар рўзи шанбе ин ташаббусро дар дигар минтақаҳои кишвар низ идома дода, баҳри таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиби хешро дар ободониву созандагии Тоҷикистон мегузоранд.

Лентаи хабарҳо
0