15:20 29 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
120 0 0

Ҳамагирии бемории COVID-19 дар ҷаҳон ба баргузории Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Теҳрон тағйирот ворид кард

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik.  Мақомоти Эрон эълон доштааст, ки бино бар паҳншавии бемории COVID-19 дар ҷаҳон Намоишгоҳи байналмилалии Теҳрон имсол ба сурати маҷозӣ баргузор мегардад.

"Бино бар эълони Вазорати фарҳанг ва иршоди Эрон бо таваҷҷуҳ ба ҳамагирии бемории  COVID-19 дар ҷаҳон “Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон” аз 10 то 20 декабр соли 2020 ба сурати маҷозӣ баргузор хоҳад шуд", - иттилоъ додааст ба алоқамандону фарҳехтагони Тоҷикистон сафорати Эрон дар Тоҷикистон.

Сафорат таъкид доштааст, ки ин рӯйдоди муҳим тариқи сомонаи http://register-int.tibf.ir аз санаи 21 ноябр то 5 декабри соли равон имконпазир будааст.

Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон, намоишгоҳе аст, ки ҳар сол дар Теҳрон баргузор мешавад. Ин намоишгоҳ аз бузургтарин рӯйдодҳои фарҳангии Эрон ба шумор меравад ва дар он ноширони китоб аз бисёре аз кишварҳои дунё ширкат мекунанд.

Барчаспҳо:
байналмилалӣ, намоишгоҳ, китоб, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ