Ду курсӣ дар парлумон холӣ шуд: қатъи ваколатҳои Исмоилзода ва Акрамзода

Обуна шудан
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири худ ваколатҳои ду вакилро пеш аз муҳлат қатъ кард

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон ваколатҳои Исмоилзода Зуфар Муртазохонро пеш аз муҳлат қатъ намуда, аз ҳайати Шӯро ва Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровард.

Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Генерал Навҷувонов писар ва ду ҷиянашро ба аскарӣ фиристод. Дигарон чӣ?

Инчунин бо қарори Маҷлиси намояндагон, ваколатҳои вакил Акрамзода Баҳодур Исмоил қатъ гардида, аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия бароварда шуд.

Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, зимни шарҳи қатъи ваколатҳо гуфт, вакилони мазкур ба вазифаҳои нав таъйин шудаанд.

Ӯ зикр кард, ки Исмоилзода Зуфар Муртазохон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Акрамзода Баҳодур Исмоил иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардиданд.

Ба иттилои нашрияи парлумонии "Садои мардум", раиси Маҷлиси намояндагон аз ин ду нафар ҳамчун шахсияти кордону ботаҷриба тавсиф карда, ба онҳо сипосномаи Маҷлиси намояндагонро барои хизматҳои шоиста, дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ва фаъолияти пурсамари ҳизбию ҷамъиятӣ супорид.

Лентаи хабарҳо
0