04:25 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2268 0 0

Шералӣ Кабир вазири навтаъйини саноат ва тенхнологияҳои нави Тоҷикистон имрӯз 49-умин солгарди зодрӯзашро таҷлил мекунад

ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik.  Шералӣ Кабир, ки аввал моҳи равон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон вазири саноат ва узви Ҳукумат таъйин гардид, бештар аз ҳама умри худро дар соҳаи саноату тиҷорат сипарӣ кардааст.

Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Шералӣ Кабир 22 ноябри соли 1971 дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, соли 1992 Донишкадаи савдои советӣ – кооперативии шаҳри Новосибирски Русия ва соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоративу кооператвии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва дипломи аъло хатм кардааст.

Соли 2003 ӯ курсҳои такмили ихтисос дар самти муфлисшавӣ ва солимгардонии вазъи молиявиро дар Донишгоҳи байналмиллалии бонкии шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Россия низ хатм намуд.

Доктори улуми иқтисод (2013), донандаи забонҳои русиву англисӣ ва соҳиби 5 фарзанд мебошад. Шералӣ Кабир дар оғоз дар вазифаи муовини тиҷории раиси кооперативи “Сигнал”- и заводи “Спетсавтоматика” (1993 – 1994) ба фаъолият пардохта, як замон муовини тиҷории президенти Ҷамъияти саҳомии “Тенис” – и шаҳри Душанбе (1994 – 1999) низ буд.

Пас аз ин ӯ ба вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба кор омад. Нахуст дар вазифаҳои мутахасиси дараҷаи аввал, сармутахасис, сардори шӯъба дар Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва захираҳои моддӣ -техникӣ (1999 – 2001) ва сипас сармутахасиси Хадамоти савдо, сайёҳӣ ва фаъолияти биржавӣ (2001) кор кард. Як муддат сардори хадамоти Биржаи молии маҳсулотҳои саноатӣ (2001 – 2003) – и Тоҷикистон буд.

Аз соли 2003 то 2005 дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” дар вазифаҳои гуногун, аз сардори Идораи амалиётҳои бонкӣ то муовинии раиси Раёсати ҶСК “Ориёнбонк” кор кардааст Пас аз ин ӯ ба Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон, ки дар вазъи буҳронӣ қарор дошт ва соли 2007 ба Ширкати алюминиуми Тоҷикистон табдили ном кард, ба кор омад.

Дар оғоз муовини якуми директори Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон (2005) буд.

Баъдтар директори молия ва тиҷорати Ширкати алюминиуми Тоҷикистон (2007) таъин шуд. Аз соли 2015 то имрӯз раиси Шӯрои директорони Ҷамъияти саҳҳомии “Ширкати алюминий тоҷик” буд, ки акнун ҳудуди даҳ зерширкат, аз ҷумла “Алюминсохтмон”, “Талко кабел”, “Талко флюарит”, “Талко Кемикал”, “Талко Ресурс”, Талко Голд” ва ғайраро муттаҳид мекунад.

Барчаспҳо:
Вазорати саноат ва технологияи нави ҶТ, солгарди зодрӯз, зодрӯз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ