19:49 28 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
383 0 0

Дар шаҳри Санкт-Петербург писарбачаи дусола аз оилаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки аз истеъмоли зиёди доруи парасетамол заҳролуд шуд, дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия писарбачаи дусола аз оилаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки бидуни назорати волидайн мондааст, якбора шаш ҳаби парасетамолро истеъмол кардааст, иттилоъ додааст “Невские новости”.

Писарбача дар ҳоли ҳозир ба бемористони кӯдаконаи шаҳрӣ дар ҳолати вазнин бистарӣ гардидааст. Ба гуфтаи пизишкон, кӯдак заҳролуд шудааст.

Ба гуфтаи модари ин писарбача ҳангоме, ки писараш доруро ба даст гирифт ба ӯ касе аҳамият надодааст. Гуфта шудааст, ки аз сӯи волидайн дар ин масъала хунукназарӣ шудааст.

Гуфта шудааст, ки кӯдак вақте, ки аз назорати волидайн дур шудааст якбора шаш ҳаби парасетамолро истеъмол кардааст. Ҳоло ин масъала аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия тафтиш шуда истодааст.

Ёдрас мешавем, ки қаблан чаҳор ноболиғ дар вилояти Хатлон ба беморхона бистарӣ шуда буданд. Онҳо аз истеъмоли замбурӯғ заҳролуд шуда буданд.

Новобаста аз талоши пизишкон се ноболиғ ба ҳалокат расид.

Маълум шуда буд, ки кӯдакон аз ҷойи номаълум замбурӯғ чидаанд ва ба волидайн барои пухтан доданд. Волидайн ҳеҷ тасаввуре надоштанд, ки ин хӯрок барои кӯдакон сахт хатарнок аст.

Барчаспҳо:
Санкт-Петербург, заҳролуд, муҳоҷирон, муҳоҷир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ