20:05 28 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1435 0 0

Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон муовини раиси вилояти Хатлонро аз вазифааш сабукдӯш кард

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik.  Дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар дод, ки имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ таъиноти кадрӣ сурат гирифт.

Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон муовини раиси вилояти Хатлонро аз вазифаи ишғолнамудааш сабукдӯш кард.

Гуфта шудааст, ки мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" Раҷабов Раҷабалӣ Сайфиддинович аз вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон озод карда шуд.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки  ба ҷои Раҷабов Раҷабалӣ Сайфиддинович ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам Раҳим таъин карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури 13 фармони раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакатро барканор ва таъйин кард.  

Эмомалӣ Раҳмон, Шарифзода Лутфияро ба мақоми раиси ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон таъйин намуд.

Гуфта мешавад, Шарифзода дар ин симмат Амиршозода Тоҳирхон Темирро иваз кард.

Ҳамчунин бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Сулаймонзода Акрам Раҳим аз вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод гардид. Ҷойгузини ӯ Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур  гардид.

Акрамзода Рустам низ бо фармони раисҷумҳур аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ озод карда шуд. Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон Исматзода Азизулло Убайдулло ба курсии раиси ноҳияи мазкур такя зад.

Раисони ноҳияҳои Файзобод ва Шаҳринав низ бо фармони кишвардори Тоҷикистон иваз карда шуданд. Ба ҷойи Раҷабзода Миралӣ раиси ноҳияи Файзобод, Холзода Бобишо таъин гардид.

Раиси Шаҳринав Аюбзода Нусратулло аз мақом сабукдӯш ва ба ҷойи ӯ Носирзода Ҷаббор интихоб гардид.

Барчаспҳо:
сабукдӯш, муовини раис, тағийрот, тағийроти кадрӣ, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ