19:58 18 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3145 0 0

Раиси шаҳри Душанбе дар дидор бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко таъкид кард, ки барои Тоҷикистон ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Русия аҳамияти ҷиддӣ ва аввалиндараҷа дорад

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik.  Рустам Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе зимни сафари расмӣ ба шаҳри Маскав бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия дидору гуфтугӯ кард.

Зимни дидор Рустам Эмомалӣ таъкид дошт, ки ҳамкориҳои дустона ва шарикии Тоҷикистону Русия имрӯз дар тамоми самтҳо мунтазам рушд доранд.  

“Боварӣ дорам, ки натиҷаҳои гуфтушуниди имрӯза ба рушди ҳамкориҳои минбаъда дар тамоми соҳаҳо такони ҷиддӣ мебахшанд. Рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Русия ҷанбаи муҳими рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст”, - гуфт Рустами Эмомалӣ.  

Вай инчунин дар бораи ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар таъкид дошт дошт.

“Тамоси доимии байнипарлумонӣ миёни кишварҳо заминаи тамоми ҳамкориҳо миёни ду кишвар аст. Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ имкон медиҳад бо як дигар бештар дидор кунем ва масоили муҳиму мубрамро  баррасӣ намоем ва ба масоили гуногун табодули назар намоем”, - қайд кард Раиси шаҳри Душанбе.

Рустам Эмомалӣ ҳамчунин ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар низ ишора кард.

Вай гуфт, барои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия имрӯзҳо механизмҳои зиёди ҳамкорӣ вуҷуд дорад.  

“Имрӯз Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои гуногун ҳамкориҳои хубро ба роҳ монданд, аз ҷумла ду кишвар дар соҳаи сиёсӣ, тиҷорӣ, гуманетарӣ, низомӣ, низомӣ-техники ва ғайра ҳамкории зич доранд”, - қайд кард шаҳрдори Душанбе.

Вай махсусан зикр кард, ки гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистону Русия дар нуҳ моҳи соли равон ба 723 миллион доллар расидааст.

Шаҳрдор илова кард, ки Русия сармоягузори муҳими Тоҷикистон аст.

Аммо Рустами Эмомалӣ аз истифода набурдани имкониятҳои иқтисодии ду кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Вай гуфт имкониятҳои сармоягузории мустақими Русия ба иқтидори иқтисодии Тоҷикистон ҷававобгӯ нест ва имконятҳои иқтисодии ду кишвар ба андозаи кофӣ истифода намешавад.

Рустам Эмомалӣ афзуд, ки ҳоло Тоҷикистон бо беш аз 80 минтақаи Русия ҳамкории иқтисодӣ дорад.

Вай гуфт, афзоиши гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон маҳз ба рушди ҳамкориҳо бо минтақаҳои Русия вобастагӣ дорад.

Ҳамзамон Рустам Эмомалӣ аз вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ ва мушкили муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ ёддошт шуд.

Ба гуфтаи раиси шаҳри Душанбе, шаҳрвандони Тоҷикистон аз бозори меҳнатӣ Русия ҳавасманд мебошанд.

“Хадамотҳои дахлдори ду кишвар бояд корҳоро барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон идома диҳанд. Мо хоҳони қоидаҳои муносиб барои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ҳастем. Аз ҷумла дар масъалаи содашудани сабти иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон”, - таъкид дошт Рустам Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе. 

Ёдовар мешавем, дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Барчаспҳо:
Валентина Матвиенко, Матвиенко, дидор, Маскав, сафар, Душанбе, раиси шаҳр, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ