Борону барф меборад: пешбинии обуҳавошиносони Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевЗима в городе Душанбе
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳо борон ва барф меборад, гузориш медиҳанд обуҳавошиносони Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik.  Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Рӯзона ҳаво аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 12-17 дараҷа хунук ва рӯзона  2-7 дараҷа хунук мешавад.

Туман в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тағйирёбанда: пешбинии дақиқи обуҳавошиносон барои имрӯз дар Тоҷикистон

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа  хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа  гарм  мешавад.

Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва  барф пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. 

Сардиву барфу борон: ҳушдори обуҳавошиносон ва тавсияҳои КҲФ Тоҷикистон

Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона  3+5 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0