Арзиши асъор дар Тоҷикистон: рубл боз андак боло рафт

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кардааст. Мувофиқи он, дар бозори нақду ғайринақди кишвар арзиши рубл каме боло рафта, аз 0,1480 то 0,1510 сомониро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дирӯз, 24 ноябр низ, Бонки миллии Тоҷикистон аз боло рафтани арзиши рубл хабар дода буд, аммо ин болоравӣ имрӯз низ идома дорад ва як рубли русӣ то 0,1510 сомонӣ арзиш дорад.

Сомони и доллары, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро нисбат ба пули миллӣ эълон кард

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.4052 то 13.6000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Раҳмон раиси Бонки миллӣ ва муовинонашро барканор кард: Холиқзода - раиси нав

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

Лентаи хабарҳо
0