14:16 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1782 0 0

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо судури ду қарор сардори Сарраёсати кишоварзӣ ва сартабиби Бемористони ҷарроҳии дилу рагҳо дар вилоятро таъйин намуд

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои манобеъи Sputnik Тоҷикистон, бо қарори Аҳмадзода, Олимбек Юлдошзода, сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд таъйин гардидааст.

Юлдошзода то ин вақт, сардори Хоҷагии ҷангали вилоят буд ва ҳоло дар мақомои нави вазифавӣ ҷойи Хайрулло Бобозодаро иваз намуд. Бобозода, солҳои дароз ҳамчун агрономи рақами аввал дар Сарраёсати кишоварзии Суғд фаъолият мекард ва зимнан дақиқ нест, ки бо омадани Юлдошзода, ӯ ба кадом вазифа таъйин мешавад.

Инчунин дар пайи судури қарори Раҷаббой Аҳмадзода, Собир Собиров сартабиби Бемористони ҷарроҳии дилу рагҳо дар вилояти Суғд таъйин гардидааст.

Манобеъи Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ду рӯз қабл маросимии муаррифи сартабиби нави ин бемористон ба иштироки Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд доир шудааст.

Собир Собиров дар гузашта, минҳайси сардори Раёсати тандурустӣ ва сартабиби Бемористони клиникавии Суғд фаъоляит кардааст.

Таъйиноти кадрӣ дар МНДСЭ Суғд: чаро роҳбарони ин идора зуз-зуд иваз мешаванд?

Ӯ ҳоло дар мақоми нави вазифавӣ, ҷойи Ҳибибулло Муҳиддиновро иваз намуд. Муҳиддинов сарвари Маркази солимгардонии дилу шарён (маъруф ба дачаи Кардиология) таъйин гардидаст.

Мавзӯъҳои асосӣ