01:07 24 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
322 0 0

Дар Тоҷикистон рӯзи баргузории даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" муайян гардид

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ёвари Президенти Тоҷикистон оид ба масоили иҷтимоӣ, ҳамзамон раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", Абдуҷаббор Раҳмонзода вобаста ба баргузории даври ҷамъбастии озмун ҷаласаи корӣ баргузор кард.

Дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аъзои ҳакамони даври ниҳоии озмун ширкат варзиданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Бино ба гузориши манбаъ, дар ҷаласа масъалаҳои дар сатҳи баланд доир намудани даври ниҳоии озмун, муайян намудани тартиби баҳогузорӣ ба маҳорат ва истеъдоди довталабон тибқи Низомномаи озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст ",баррасӣ гардид.

Ҳамин тавр муайян шуд, ки аз 7 то 15 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, муовини вазири фарҳанги  Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдураҳимзода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ Боймурод Шарифзода сухан гуфта, ин иқдоми созандаи президентро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ карданд.

Манбаъ афзуда, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи корӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ доир намудани даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" гуфта мешавад.

Барчаспҳо:
дақиқ, даври ниҳоӣ, озмун, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ