19:59 17 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
97030

Ахиран дар ҳошияи сафари расмӣ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Чон Се Гюн баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои вазорати хориҷаи Тоҷикистон, зимни мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин таъкид доштааст, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла дар чорчӯби Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” ва дигар абзорҳои ҳамкории минтақавӣ барои Тоҷикистон аҳамияти вижа дорад.

“Тоҷикистон Форумро ҳамчун як василаи муҳими рушд ва таҳкими шарокат байни кишварҳои узви он арзёбӣ мекунад”, - зикр кардааст вазир.

Гуфта шудааст, ки дар идомаи суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи тавофуқоти дар доираи сафарҳои сатҳи олӣ бадастомада, танзими чорабиниҳои муштарак дар сиғаҳои гуногун, имзои санадҳои нави дуҷониба, густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ ва муҳоҷирати кориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазорати хориҷа таъкид кардааст, ки инчунин зимни мулоқот, дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо раиси Кумитаи робитаҳои байналмилалии Парлумони Корея Сонг Ёнг Гил дидору мулоқот кард. 

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ, ҳамзамон тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, гидроэнергетика, маъдан ва фарҳангу гуманитариро муҳим арзёбӣ намуданд.

Барчаспҳо:
сафар, вохӯрӣ, мулоқот, дидор, Корея, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ