02:24 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
318 0 0

Шаҳри Истиқлол, ки шаш моҳи аввали давраи хуруҷи бемории “вируси карона”- ро бо нишондоди сирф ҷамбаст карда ва аз шаҳрҳои бидуни сирояти COVID-19 гуфта мешуд, ахиран моҳи октябр 5 мавриди гирифторӣ ба ин беморӣ сабт шудааст. Ҳоло, ҳамаи сироятёфтагон пурра шифо ёфтаанд

 ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Валиназар Ғоибов, сартабиби шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, моҳи октябр, нахустин панҷ ҳолати сироятёбӣ ба бемории каронавирус дар ин шаҳр дарёфт карда шуд.

“Зимни гузаронидани муоинаи тиббӣ аз панҷ нафар беморӣ бидуни нишона (симптом). Инҳо чаҳор мард ва як зан буданд, ки табъ ва ҳеҷ шикояте надоштанд. Бо ин вуҷуд мо онҳо ду ҳафта ба табобат фаро гирифта шуданд. Маротибаи дуюму сеюм таҳлили онҳо ба COVID-19 манфӣ баромад”, - гуфт сартабиб.

Ғоибов манбаи сирояти ин сокинонро эҳтимол аз бозорҳои берун аз ҳудуди шаҳри Истиқлол арзёбӣ кард. Зимни бозпурсӣ онҳо дар бораи сафарашон ба бозорҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд изҳор кардаанд.

Шаҳри Истиқлол дар замони шаш моҳи хуруҷи пандемияи “вируси карона” ба кишвар аз шаҳрҳои бидуни ин беморӣ гуфта мешуд. Масъулини шаҳр аз мавҷуд будани танҳо як шоҳроҳ ва таҳти назорати беҳдоштӣ қарор додани онро аз сабабҳои эмин мондани он аз хуруҷи беморӣ таъкид мекарданд.

Сартабиби шаҳри Истиқлол мегуяд, бо гузашти як моҳ аз дарёфти панҷ ҳолати беморӣ, дигар ҳодисаи сирояти беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

“Хушбахтона, ба ҳолати моҳи ноябр ягон сирояти бемории COVID-19 дар миёни аҳолии беш аз 18 ҳазор нафари шаҳр ёфт нашудааст”,-  афзуд Ғоибов.

Сартабиби шаҳри Истиқлол: омори гирифторӣ ба коронавирус сифр аст

Бино ба омори вазорати тандурустии кишвар ҳолати сироятёбӣ ба бемории COVID-19 теъдоди камшавӣ дорад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бегоҳии дирӯз аз 36 ҳодисаи нави дарёфти бемории COVID-19 дар кишвар иттилоъ дод, ки дар маҷмуъ шумори гирифторони беморӣ ба 12 ҳазору 44 нафар баробар шуда, аз ин шумор 11 ҳазору 437 кас шифо ёфта, 86 нафар вафот кардаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ