19:43 18 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
447701

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Маҷлиси Ҳукумат ёдрас шуд, ки дар кишвар чаро гузаронидани чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Соли нав манъ шуд

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Президент дар рафти Маҷлиси Ҳукумат аз таҳдиди мавҷи дувуми коронавирус дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон гуфт ва ёдрас шуд, ки барои ҳамин кишвар қарор дод, ки соли навро таҷлил накунад.

"Вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ дар баъзе кишварҳои ҷаҳон барои эмин нигоҳ доштани саломатии мардуми Тоҷикистон гузаронидани ҳама гуна чораҳои тантанавӣ  ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар тамоми қаламрави кишвар манъ карда шуд", - менависад аз суханони президент дафтари матбуотии раисҷумҳур.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон тавзеҳ додааст, ки аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ манъ шудааст.

Раисҷумҳур таъкид кардааст, ки масъалаи риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назоратшавад.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон гузаронидани ҳама чорабиниҳои солинавиро манъ кард.

Таҷлили Соли нав дар Тоҷикистон лағв шуд: арча ҳам намегузоранд

Бар асоси ин қарор, гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ карда шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ