04:45 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1521 0 0

Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Маҷлиси Ҳукуматро баргузор кард: дар он вазири тандурустии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода дар назди Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот дод

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои котиботи раисҷумҳур, дар маҷлис пеш аз ҳама вазири тандурустии кишвар ба президент ҳисобот пешниҳод кардааст.

Тавре манбаъ менависад, Ҷамолуддин Абдуллозода аз ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумат аз 30 октябри соли 2010 “Дар бораи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020" ҳисобот додааст.

"Дар давраи солҳои 2011-2020 дар доираи татбиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ тадбирҳои зиёди муҳиму муасир анҷом дода шуда, дар соҳаи тандурустии мамлакат пешравиҳои назаррас ба вуқуъ пайваст", - менависад котиботи раисҷумҳур аз ҳисоботи вазир.

Президент супориш додааст, ки вазорат лоиҳаи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025-ро таҳия кунад.

Вазъият таҳти контрол аст: Абдуллозода ҳамарӯза се ҷаласаи онлайнӣ баргузор мекунад

Афзун бар ин, лоиҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шавад ва ҷиҳати такмил додани механизми пешгирии бемориҳо ва таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ дар асоси шарикӣ бо ҷомеа ва баланд бардоштани масъулияти аҳолӣ барои солимии худ ва атрофиён чораҳои дахлдорро роҳандозӣ гардад.

 

 

 

Мавзӯъҳои асосӣ