20:07 28 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
157 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барфу борон пешгӯӣ мешавад. Дамои ҳаво низ сардтар мешавад

ДУШАНБЕ, 28 ноябр - Sputnik. Ожонси обуҳавошиносӣ имрӯз боридани барфу боронро дар Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад, хабар медиҳад агентии Ховар.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона  2-7 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа  хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа  хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 дараҷа  хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои водигӣ борон меборад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва барфи тар пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа  гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона ва рӯзона 1+6  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои водигӣ борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5 дараҷа гарм ва рӯзона  6+8 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
барф, борон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ