Пешниҳоди вакилони тоҷик: се сол ҳабс барои талоқ тариқи телефон

© © SputnikЧеловек пишет СМС о разводе
Человек пишет СМС о разводе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон агар расман талоқ додани ҳамсар тариқи телефон манъ бошад, аммо чунин ҳолатҳо ангуштшумор нестанд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар робита ба ҷилавгирӣ намудан аз пошхӯрии оилаҳо, вакилони тоҷик пешниҳоди ҷадидро пиёда намуданд. Вакилон тарҳеро омода намудаанд, ки барои талоқи телефонӣ ҳабс татбиқ шавад. Онҳо хостори онанд, ки ҳамсарон барои талоқ додани занҳои худ тариқи телефон бояд аз 3 то 5 сол равонаи зиндон шаванд.

Свадьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хатлон талоқ камтар шуд
Дар Тоҷикистон ҳарчанд талоқ додани ҳамсар тавассути телефон манъ аст, вале чунин ҳолатҳо зиёд рух медиҳанд. 

Ба иттилои Кумитаи иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагон, соли гузашта дар кишвар 12 ҳазору 500 мавриди талоқ сабт шудааст. Ин рақам ду сол пеш ба 10 ҳазор маврид баробар буд.

Дар Душанбе шумораи издивоҷ ва талоқ коҳиш ёфтааст

Қаблан Шӯрои уламои Тоҷикистон низ дар посух ба суоли як корбар роиҷ набудани талоқи телефониро таъкид намуд.

Ин ниҳоди динии кишвар  гуфт, дар маросими никоҳ шарт аст, ки арўсу ҷавон бо шоҳидон дар як маҷлис ва як макон ҳузур дошта бошанд ва суханони якдигарро мустақиман ё ба воситаи вакил шунаванд.

Шӯрои уламои кишвар гуфтааст, талоқ додан тариқи телефон эътибор надорад.

Лентаи хабарҳо
0