Ҳамлаи ду наврас ба як ҷавон дар наздики китобхонаи Лоҳутӣ дар Душанбе - шарҳи ВКД

© Sputnik / © Sputnik Машина милиции в Таджикистане, архивное фото
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қазияи ҳамла ба як ҷавони 22-соларо шабона дар назди китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро шарҳ дод: гумонбарон телефон рабудаанд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса шаби 1 ба 2-юми декабри соли 2020,  рух додааст.

Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон
Даҳшат: дар Мастчоҳ зане бо писараш шавҳарашро кушт - шарҳи ВКД

Вазорат мегӯяд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар ноболиғи 17 ва 16-солаи сокинони кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуданд.

ВКД зикр мекунад, ки яке аз онҳо пеш бо моддаи 110 ва 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Даъвои ду сокини пойтахт ба пулис: якеро соҳибкор ва дигареро собиқ зиндонӣ фиреб дод

"Номбурдагон, шаби 1-ум ба 2-юми декабри соли 2020, тахминан соати 03:45-дақиқа, ҳангоми дар назди китобхонаи "Лоҳутӣ", воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев қарор доштанашон бе ягон асос ҷавони 22-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанберо лату кӯб намуда, бо корди кисагӣ таҳдид кардаанд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, гумонбарон аз дасти ҷабрдида  бо роҳи зӯроварӣ 1-адад телефони мобилии тамғаи "Самсунг А-6"-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Марди 59 - сола писарони амакашро корд зад

Зарари расонидашуда 1 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0