Аз вазифаи нави Достӣ то Давлатзода: тағйирот дар Дастгоҳи президент

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои амрҳо дар Дастгоҳи иҷроия, ки роҳбарии онро Озода Раҳмон ба уҳда дорад, тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Тибқи амри раисиҷумҳури Тоҷикистон, Ҳаётзода Фирдавс Ҷӯрахон муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент шуд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Вазорати молия: Достӣ ва Худододова аз мақом барканор шуданд

Бо амри дигар, Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ, ки то ҳол муовини вазири молия буд, ба вазифаи муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур таъйин гардид.

Раисиҷумҳур инчунин Давлатзода Парвиз, собиқ сафир дар Чинро ба мақоми сардори раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президент таъйин намуд. Ӯ дар ин мақом Олимзода Сӯҳроб Хоҷаро иваз намуд.

Инчунин Карим Абдураҳим мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Гадоализода Парвиз муовини сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳ, Холзода Каромиддин Камолиддин муовини сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳ, Амирзода Пайрав Ҳасан, муовини сардори раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳ таъйин шудааст.

Тибқи амри раисиҷумҳур, Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президент таъйин шудааст.

Ғанизода Шуҳрат Абдулмаҷид вазифаи сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президент таъйин шуда, дар ин мақом Мирзозода Суннатулло Сироҷиддинро иваз намуд.

Лентаи хабарҳо
0