04:02 26 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.73
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (937)
875 0 0

Муҳаммадҷон Ҳусейнов дар аввоили хуруҷи маризии коронавирус дар Тоҷикистон, пас аз нашри навори риққатангез шӯҳратёр гардид

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Намояндагони Ташкилоти умумирусиягии ҷамъияти собиқадорони "Бародарони ҷанг" Ҳусейновро бо медали "Барои мубориза бо пандемия" қадрдонӣ намуданд, хабар медиҳад агентии "Ховар".

Ба иттилои манбаъ, Саидаҳмад Давлатов намояндаи "Бародарони ҷанг" дар ҳудуди пойгоҳи низомии 201-и Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон рафта, дар вазъияти тантанавӣ медалро ба Муҳаммадҷон Ҳусейнов супорид.

Зимни маросим иброз гардид, ки ӯ дар Тоҷикистон аввалин нафарест, ки бо ин гуна медал сарфароз гардонида мешавад.

Муҳаммадҷон Ҳусейнов фелдшери шуъбаи "Ёрии таъҷилӣ" - и беморхонаи "Истиқлол" мебошад, ки пас аз мулоқот бо кишвардори Тоҷикистон, акнун донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон низ мебошад.

Раҳмон ба 53 қаҳрамони мубориза бо коронавирус мукофоти давлатӣ дод

Номбурда ҳанӯз моҳи май пас аз як муроҷиати видеоияш, ки аз табибони ҷасур изҳори сипос намуда, ҳамзамон бо афсӯсу надомат аз духтуроне интиқод кард, ки дар рӯзҳои сахт беморонро ба ҳоли худ партофта, бо ҳар баҳона ҷои корашонро тарк намудаанд, вирди забонҳо гардид.

Муроҷиати видеоии ӯро худи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ тамошо карда, дар як мулоқот бо намояндагони соҳаи тандурустӣ аз ӯ ёдовар шуд ва назди худ хонд.

Пас аз чанде, бо фармони роҳбари давлат Муҳаммадҷон Ҳусейнов бо медали "Шафқат" қадрдонӣ шуда, ҳамзамон ба ӯ калиди хонаро тақдим намуданд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (937)

Мавзӯъҳои асосӣ