14:34 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
144 0 0

Нозирони ҷангали вилояти Хатлон дар ёздаҳ моҳи соли равон 655 қонуншиканӣ ошкор намуданд

ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Муовини директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон Қувваталӣ Назиров қайд кардааст, ки қонуншиканҳо ба маблағи 204 ҳазору 865 сомонӣ ҷарима шудаанд, иитилоъ додааст сомонаи рӯзномаи "Фараж".

Ба гуфтаи вай,  дар ин давра 337 санад тартиб дода шудааст. Аз санадҳои тартибдодашуда ба маблағи 86 ҳазору 843 сомонӣ буриши ғайриқонунии дарахтони ҷангалзор, 76 санад ба маблағи 48 ҳазору 133 сомонӣ чорвочаронии худсарона, 176 cанад ба маблағи 52 ҳазору 842 сомонӣ ҷамъоварии худсаронаи маҳсулоти писта ва гиёҳҳои шифобахш, 24 санад ба маблағи 9226 сомонӣ шикори худсарона, 39 санад ба маблағи 7821 сомонӣ дигар намуд мебошанд.

"Аз маблағи умумии зарари муайяншуда 201 ҳазору 95 сомонӣ муайян карда шуда, ба хоҷагиҳо ворид карда шудааст. Хоҷагиҳои ҷангал оид ба иҷрои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 296 протокол ба маблағи 47 ҳазору 470 сомонӣ тартиб дода, аз маблағи зарари расонидашуда 46 ҳазору 716 сомонӣ рӯёнида шуда, ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистои гузаронида шудааст",- илова кардааст Қувваталӣ Назиров.

Дар ҳамин ҳол, муовини директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон зикр кардааст, ки барои пешгирӣ ва ҳифзи ҷангал аз ҷониби кормандони Муассиса ва дар шаҳру ноҳияҳо миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда шуда истодааст.

Барчаспҳо:
Хатлон, ошкор, қонуншиканӣ, ҷангал, вилояти Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ