05:57 17 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1401 0 0

Тибқи муқаррароти фармони Президенти Русия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Русия ҳузур дошта, баъзе ҳуҷҷатҳояшон ба қонунгузории ин кишвар ҷавобгӯ нест, то 15 декабри соли 2020 авф гардида, метавонанд аз нав ба қайд гирифта шаванд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Вазири меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон ба масъулини тоҷик, ки дар Русия адои хидмати давлатӣ мекунанд, супориш додааст, то мӯҳтавони муқаррароти як фармони раисҷумҳури Русияро ба муҳоҷирон хуб фаҳмонанд.

Ёдрас мешавем, тибқи ин фармон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Русия ҳузур дошта, баъзе ҳуҷҷатҳояшон ба қонунгузории ин кишвар ҷавобгӯ нест, то 15 декабри соли 2020 авф гардида, метавонанд аз нав ба қайд гирифта шаванд.

"Зимнан, батакрор тариқи намояндагии вазорат иттилоотонии саривақтии  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони тоҷик дар Русия муқаррароти фармони Президенти Русия роҷеъ ба тамдиди муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ то санаи 15 декабри соли 2020 дар мақомоти марбутаи Федератсияи Русия дастурҳои мушаххас дод", - менависад дафтари матбуоти вазорат.

Хатмкардаи Ҷопон, донандаи 5 забон, стартапери муваффақ: Ширин Амонзода кист?

Ҳамчунин, зимни машварати корӣ масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони  Тоҷикистон дар Русия дар давраи пандемия, ҳалли саривақтии муроҷират ва мушкилоти онҳо, ҳамоҳангсозии фаъолияти диаспораҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ барои мусоидат ва кумак ба муҳоҷирони меҳнатӣ, мусоидат барои бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаҳои кишвар, инчунин тақвияти корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, минбаъд вазир ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа бо намояндагони вазорат дар Русия маҷлиси фосилавӣ баргузор хоҳад кард.

Барчаспҳо:
фармон, вазир, муҳоҷирон, Русия, авф

Мавзӯъҳои асосӣ